3 Май 2025 - 21:55
Source: ABNA
Ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба ду вилояти "Ал-Ҳудайда" ва "Маъриб" дар Яман

Иёлоти Муттаҳида минтақаҳоеро дар ду вилояти Ал-Ҳудайда ва Маъриб дар Яман 9 бор мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба Ал-Масира, Амрико минтақаи "Мадғал"-и вилояти Маърибро дар шаш маврид мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор дод.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ҳамчунин ҷазираи "Камарон" ва минтақаи "Ас-Салиф"-ро дар вилояти Ал-Ҳудайда се бор бамборон карданд.

Ҳанӯз хабарҳое дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо нашр нашудааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha